Ноябр 26, 2016 19:29 Asia/Dushanbe
  • Заминларза дар марзи Чин бо Тоҷикистон

Бинобар эъломи расонаҳои дохилии Чин, бар асари заминларзае ба бузургии 6.7 риштер дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон, дасти кам як тан ҷони худро аз даст дод.

Мақомоти дохилии Чин бо эъломи кушта шудани дастикам як тан бар асари вуқуи зилзила изҳор доштанд, ба чандин хона ва як хатти роҳи оҳан осеб ворид шудааст.

Дар пайи вуқуи ин заминларза неруҳои имдод ва наҷот ба манотиқи зилзилазада эъзом шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, маркази ларзанигории Амрико дар баррасии аввалия, бузургии ин заминларзаро 6.7 риштер эълом карда, ки соати 22:24 рӯзи гузашта (ҷумъа) ба вақти маҳаллӣ дар умқи 75 километрии замин рух додааст.