Май 26, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Кисенҷер дар бораи оқибати шикасти музокироти Русия ва Украина барои Аврупо
    Ҳушдори Кисенҷер дар бораи оқибати шикасти музокироти Русия ва Украина барои Аврупо

Вазири хориҷаи собиқи Амрико гуфт: Шикасти талошҳо барои аз саргирии музокироти Украина бо Русия оқибати дарозмуддати бад барои субот дар Аврупо хоҳад дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Нию-Йорк тоймз Ҳенри Кисенҷер дар суханрони дар маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар Давоси Шветсария гуфт: Музокирот бояд дар ду моҳи оянда қабл аз он ки таҳавулот ва танишҳо эҷод шавад, ки ба роҳати қобили ғалаба нест, оғоз шавад.

Кисенҷер ҳамчунин дар идомаи вогузориҳи бахши аз хоки Украина ба Русияро роҳи ҳалли поёни ҷанг унвон кард.

Ба дунболи пешниҳоди ғайримаъмули Кисенҷер, Ино Сувасун намояндаи парлумони Украина дар паёми твиттери навишт: Мояи тасуф аст, ки вазири умури хориҷаи собиқи Амрико эътиқод дорад таслими бахши аз сарзамини мустақил, роҳи барои сулҳ барои ҳар кишвари аст.

Речорд Эн Ҳос, раиси шӯрои кумитаи равобити хориҷии маҷлиси намояндагони Амрико дар твиттер навшит: Пешниҳоди Кисенҷер эҳтимолан аз сӯи Украина ба далели дархости ин кишвар барои таслим дар баробари Русия рад хоҳад шуд.