Авомили нуфузи Толибон дар миёни неруҳои амниятии Афғонистон
(last modified Mon, 28 Nov 2016 13:28:14 GMT )
Ноябр 28, 2016 18:28 Asia/Dushanbe
  • Авомили нуфузи Толибон дар миёни неруҳои амниятии Афғонистон

Намояндаи вижаи раисиҷумҳури Афғонистон дар умури ҳукуматдорӣ, нокомии ин кишвар дар мубориза бо гурӯҳи Толибонро вуҷуди авомили нуфузии ин гурӯҳ, дар миёни неруҳои амниятии Афғонистон унвон кард.

      Ба гузориши ИРНА, Аҳмад Зиё Масъуд, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Афғонистон дар умури ҳукуматдорӣ, гуфт, ки бо вуҷуди беш аз 300 ҳазор неруи низомӣ ва амниятӣ дар Афғонистон, ин неруҳо натавонистанд ба дурустӣ бо душман муқобила кунанд.

   Аҳмад Зиё Масъуд дар ҳамоиши мавсум ба «нақши мардум дар ҳокимияти сиёсии фардо» дар вилояти Ҳирот, яке дигар аз омилҳои ҷанг дар Афғонистонро масъалаи кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир ва қочоқ он донист ва тасреҳ кард, то замоне, ки бо кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир мубориза нашавад, ҷанг дар ин кишвар идома хоҳад дошт.

   Вай гуфт, бештарин даромади гурӯҳи Толибон ва соири гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон аз тариқи маводи мухаддир таъмин мешавад.

   Афғонистон муддати тӯлонӣ аст, ки дар буҳрони ҷанг басар мебарад ва ноамниҳо дар ин кишвар рӯз барӯз бештар мешавад.

   Дахолати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, набуди иқтисоди худкифо, набуди рӯҳияи ваҳдати миллӣ, заъфи корӣ ва фасоди ҳоким дар давлат, иҷро нашудани қонун, бекории мардум ва набуди иродаи сиёсӣ барои поён додан ба буҳрон аз авомили умдаи ҷанг дар Афғонистон аст.