Маҳкумияти иҳонат ба паёмбар (с) аз сӯи Созмони Ҳамкории Исломӣ
Созмони Ҳамкории Исломӣ изҳороти тавҳиномези сухангӯи ҳизби ҳокими Ҳинд дар бораи паёмбари акрам (с)-ро маҳкум кард.
Дар пайи иҳонати Невин Кумар Ҷиндал, сухангӯи ҳизби ифротии «Баҳаратия Ҷоната» ба унвони ҳизби ҳокими Ҳинд ба соҳати набии акрами Ислом (с) ва афзоиши эътирозот, ин ҳизб бо судури баёнияе аз барканории вай хабар дод.
Пас аз таитти Невин Кумар Ҷиндал ва беэҳтироми ба ҷойгоҳи паёмбари аъзам (с), бисёре аз корбарон вокуниш нишон додаву хостори таҳриму бархӯрд бо давлати Ҳинд шуданд. Онҳо бо дарҷи ҳаштаги #илло_расулуллоҳ_ё_моди», ин иқдоми сухангӯи ҳизби ҳокими Ҳиндро дар идомаи сиёсати ифротӣ ва зиддиисломии давлати Норандро Моди, нахуствазири ин кишвар донистанд.
Ба гузориши рӯзи душанбеи “Русия алявм”, Созмони Ҳамкории Исломӣ дар баёнияе эълом кард, ки ин иҳонатҳо дар ростои афзоиши нафратпароканӣ ва тавҳин ба Ислом дар Ҳинд ва дар чорчӯби иқдомоти созмонёфта зидди мусулмонон ва эҷоди маҳдудият барои онҳо, ба вижа ҳамзамон бо маҷмуаи тасмимоте барои мамониат аз ҳиҷоб дар муассисоти омӯзишии шуморе аз иёлатҳои Ҳинд ва тахриби дороиҳои мусулмонон сурат мегирад.
Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамчунин аз мақомоти Ҳинд хост, бо қотеият бо ин гуна иҳонатҳо ва ҳар гуна таарруз ба набии мукаррами Ислом (с) муқобила кардаву омилони иқдомоти хушунатбор ва нафратпароканӣ зидди мусулмононро муҳокима кунанд ва тарафҳои пушти пардаи онҳоро мавриди бозпурсӣ қарор диҳанд.
Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамчунин тазмини саломат, амният ва рифоҳи мусулмонон дар Ҳинд ва ҳимоят аз ҳуқуқу ҳувияти динӣ, фарҳангӣ ва каромату маконҳои ибодатии ононро хостор шуд.
Ин созмон ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилал, бавижа созукорҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои ҳуқуқи башар хост, тадобири лозимро барои муқобила бо иқдомоте, ки мусулмонон дар Ҳиндро ҳадаф қарор медиҳад, биандешанд.
Пеш а ин низ Ҷумҳурии исломии Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Покистон ва Яман тавҳини мақоми масъули ҳизби ҳокими Ҳинд ба паёмбари Ислом (с)-ро маҳкум карда буданд.