Маскав: Неруҳои украинӣ аз анбори ғаллот барои аҳдофи низомӣ истифода мекунанд
(last modified Wed, 08 Jun 2022 05:49:23 GMT )
Июн 08, 2022 10:49 Asia/Dushanbe
  • 36 кишвари ҷаҳон беш аз ниме аз ниёзи гандуми худро аз тариқи Украина ва Русия таъмин мекунанд
    36 кишвари ҷаҳон беш аз ниме аз ниёзи гандуми худро аз тариқи Украина ва Русия таъмин мекунанд

Вазорати дифои Русия шомгоҳи сешанбе эълом кард, ки неруҳои украинӣ аз таъсисот ва анборҳои ғаллот барои аҳдофи низомӣ истифода мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси эъломи Вазорати дифои Русия, неруҳои украинӣ 50 ҳазор тон аз ғаллотро дар бандари Мариупол ба оташ кашиданд.

Русия ва Украина маҷмуае наздик ба як сеюми арзаи ҷаҳонии гандумро ташкил медиҳанд. Украина ҳамчунин содиркунандаи умдаи зуррат (ҷуворимакка), ҷав, равғани офтобгардон ва равғани кулзо (рапс) аст.

Русия ва Беларус низ беш аз 40 дарсад аз содироти ҷаҳонии патоси маводи мағзии маҳсулро ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Созмони Милал 36 кишвари ҷаҳон беш аз ниме аз ниёзи гандуми худро аз тариқи Украина ва Русия таъмин мекунанд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба Лубнон, Сурия, Яман, Сомали ва Конго ишора кард.

Ҳамчунин Барномаи Ҷаҳонии Ғизо пешбинӣ кардааст, таниши ҷаҳонӣ бар сари дастрасӣ ба ғаллот ҳамчун гандуму зуррат дар натиҷаи ҷанги Украина Амрикои Лотинро бо хатари буҳрони шадиди ноамнии ғизоӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: