Июн 13, 2022 14:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Бокӯ бар густариши равобит бо Маскав

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон бар тамоюли ин кишвар ба густариши равобит бо Русия таъкид кард.

Ғарбиҳо ба баҳонаи ҷанги Украина иқдомоти зиддирусии худро ташдид кардаву қасди мунзавӣ кардани Русияро доранд. Дар чунин шароите Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба густариши равобит бо Русия ибрози тамоюл кард.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Илҳом Алиев дар паёме ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба муносибати Рӯзи миллии ин кишвар, зимни ибрози тамоюл ба тавсеаи ҳамкории роҳбурдии Бокӯ – Маскав гуфт: Пйвандҳои чандсадсолаи дӯстиву ҳамсоягии хуб, ки мардуми моро муттаҳид мекунад, мабнои қобили эътимоди тавсеаи пойдори мушорикати роҳбурдӣ ва ҳамкории чандбуъдӣ байни Озарбойҷон ва Русия аст. Таомули кишварҳои мо дар бахши густардае аз мавзӯоти дуҷониба дар дастури кор боиси ризоятмандӣ мешавад.

Ба ҳамин муносибат, Хачатурян, раиси ҷумҳурӣ ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон низ паёмҳои табрикӣ барои Кремл ирсол кардаанд.