Июн 16, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Дар Афғонистон, Толибон давлате муташакил аз мардон ташкил дода ва мактабҳои духтаронаро таътил кардааст
    Дар Афғонистон, Толибон давлате муташакил аз мардон ташкил дода ва мактабҳои духтаронаро таътил кардааст

Дабири кулли Созмони Миллал изҳор дошт: Миллионҳо духтар дар ҷаҳон бидуни ҳеҷ чамшандозе барои омӯзиш, шуғл ё истиқлоли моллӣ аз таҳсил бозмондаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон , Антониу Гутерриш  дар нишасти занон, сулҳ ва амният дар Шӯрои амнияти Созмони Миллал гуфт: Баробарии ҷинсияти роҳе барои сулҳи пойдор ва пешгирӣ аз ҷанг аст. Бо ин ҳол мо дар ҷиҳати мухолиф ҳаркат мекунем.

Дабири кулли Созмони Миллал афзӯд: Даргириҳзои имрӯз нобаробарии ҷинсиятӣ, фақр, ихтилоли иқлимӣ ва дигар ишколи нобаробариро ташддид мекунад. Занон ва духтарон ба таври мутафовит ва номутаносиб таҳти таъсири хушӯнат ва таъсироти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ буладмудати ин бӯҳронҳо қарор гирифтаанд.

Ин мақоми Созмони Миллал изҳор дошт: Дар бархе аз кишварҳо, ифротгароён ва бозигарони низомӣ, қудратро ба зӯр ба даст гирифтаанд, тааҳудоти қабли дар баробарии ҷинсиятиро канор гузошта ва занонро ба хотири анҷоми умӯри сода ва рӯзмараи зиндагӣ мавриди озор ва азият қарор додаанд.

Гутреш бо баёни ин, ки баробарии занон масъалаи қудрат аст, гуфт: Дар Афғонистон, Толибон давлате муташакил аз мардон ташкил дода ва мактабҳои духтаронаро таътил кардааст.

 

Барчасп