Июн 18, 2022 16:20 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли шуруъи муҷадади музокироти Русия ва Украина
    Эҳтимоли шуруъи муҷадади музокироти Русия ва Украина

Яке аз аъзои тими музокиракунандаи Украина аз эҳтимоли аз саргирии музокироти оташбас бо Русия дар моҳи август хабар дод.

Аз замони оғози ҷанги Русия ва Украина 24 феврал то кунун чанд давра музокира байни ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар сатҳҳои мухталиф анҷом шуд, ки ба оташбаси фарогир мунҷар нашуда аст.

Охирин даври музокирот марбут ба вазирони хориҷаи Русия ва Украина дар Туркия низ дастоварди малмуси надошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Девид Архамя қонунгузор ва музокиракунандаи аршади Украина дар музокирот бо Русия эълом кард, дар сурати имкони ин музокирот дар поёни моҳи август ва пас аз анҷоми чандин зидди ҳамла тавассути Украина анҷом мешавад.

Иҳзҳори назари мақоми украинӣ дар ҳоле аст, ки Кремлин дар вокуниш ба сафари раҳбаронӣ аврупоӣ ба Киев таъкид кард, музокироти Русия бо Украина ба поён расид ва наметавон ба идомаи он таваҷуҳ кард.

Аммо аз сӯи дигар Дмитри Пулянски, муъовини доими Русия дар Созмони Милал бар омодагии кишвараш барои анҷоми музокирот бо Украина таъкид кард ва омилли аслии ақибнишинии Украина аз раванди музокиротро дахолати Амрико ва Британия ва набуди ҳамгароӣ ҷидди миёни украиниҳо донист.

Русия ҳушдор дода аст, ки агар "Владимир Зеленский", раиси Ҷумҳурии Русия ва тамоми касоне, ки ӯро таҳрик мекунанд омодаи музокирот набошанд оқибати ғамангези ин тасмим бар уҳдаи худи онҳо аст.

 

Барчасп