Баргузори размоиши кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Син Киёнги Чин
Размоиши муштараки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай аз рӯзи сешанбе-29 ноябр, дар минтақаи мусулмоннишини Син Киёнги Чин оғоз шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин размоиши шашрӯза, омодагии нерӯҳо барои муқобила бо терроризм ,таҷзияталабӣ ва ифротгароӣ эълом шудааст.
Дар ин бора Ярослав Рошупкин, дастёри фармондҳеи нерӯҳои низомии минтақаи марказии Русия хотирнишон сохт, дар ин размоиш, нерӯҳо амалиёти низомиро умдатан дар манотиқи кӯҳистонӣ анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи ин низомии баландпояи Русия, дар размоиши мазкур нерӯҳои низомии ширкаткунанда ҳамчунин дар пайи афзоиши маҳоратҳо дар тирандозӣ, хумпора андозӣ ва ба коргирии мушакҳои зиддитонк ҳамроҳ бо иртиқои фаннҳо ва улуми низомӣ ҳастанд. Зимни он ки санҷишгирӣ аз коркарди нерӯҳои вижа ва сатҳи омӯзиши онҳо низ ба амал меояд.
Аз замоне, ки гурӯҳи Шанхай-5, бо пайвастани Узбакистон ба он, дар соли 2001 ба Созмони Ҳамкории Шанхай тағйири ном ёфт, токунун байни аъзо размоиши дуҷониба анҷом шудааст, ки дар ин маврид метавон ба размоиши муштараки Чин ва Русия, ду узви муҳимми ин ниҳод дар солҳои гузашта ишора кард.
Ҳамчунин байни Чин ва бархе аъзои созмони Шанхай, размоиши дуҷониба ба манзури иртиқои дониши низомӣ ва омоданигаҳдоштани нерӯҳо бо ҳадафи муқобила бо иқдомоти террористӣ баргузор шудааст.
Аммо аввалин размоиши муштарак байн аъзои Шанхай дар 2003 дар ду марҳала дар пойгоҳҳои омӯзишии Қазоқистон ва Чин баргузор шуд, ки дар он бо истиснои Узбакистон бақия панҷ кишвари узв ширкат доштанд.
Воқеият ин аст, ки бо ташкили Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои узв ба вижа Чин ва Русия гомҳои баланд бо ҳадафи бартараф кардани хатар терроризм, ифротгароӣ ва таҷзияталабӣ бардоштанд.
Дар айни ҳол, аъзои ин ниҳоди минтақаӣ бо бастани қарордодҳои амниятӣ ба солҳо нигаронии худ дар мавриди марзҳои муштараки пуртаниш поён доданд.
Ба-дон маъно, ки тибқи қарордодҳои амниятӣ, ҳудуди марзҳои муштарак бо аломатгузории мушаххас ва ба табии он, амнияти кишварҳои узв низ ба мизони қобили мулоҳизае таъмин шуд
Пайдоиш ва шаклгирии СҲШ дар даврони баъд аз Ҷанги сард ба шароите марбут мешавад, ки Чин ва Русия, вазъияти якқутбии Амрико ба вижа густариши ҷуғрофиёии НАТО ба самти Шарқро таҳдиде алайҳи манофеъ ва амнияти миллии худ арзёбӣ карданд. Пас аз он буд, ки Шанхай аз ҷиҳати роҳбурдӣ дар ду ҳавзаи низомӣ ва амниятӣ дар масири рушуд ва такомул қарор гирифт.
Яке аз коркардҳои вижаи Шанхай, мубориза бо терроризм ва хушкондани решаи ифрот ва бондҳои қочоқи маводи мухаддир аст, ки умдатан аз Афғонистон ба самти Син Киёнг ва кишварҳои атрофи он саро зер мешавад. Ба ҳамин далел аъзо ба имзои қарордодҳои амниятӣ басанда накарданд ва муътақиданд мубориза бо савдогарони марг, ниёзманди бозуи фаъол ва коромади низомӣ аст ва ин низ бо анҷоми размоишиҳои навбатӣ ва мустамар байни аъзо имконпазир аст.
Албатта яке аз иддаоҳои ташкили ин созмон зимни таъмини амният, эҷоди фазои солим барои касбу кори тиҷорӣ ва равнақбахшидан ба иқтисоди кишварҳо аз тариқи доду ситадҳо аст, ки роҳи аслии мубориза бо фақр, аз байн бурдани бекорӣ, нафӣ хушунат ва ифротгароӣ, талаққӣ мешавад.
Эҷоди Бонки тавсеаи Созмони Ҳамкории Шанхай аз солҳо пеш бо ҳамин ҳадаф дар дастури кори дабирхонаи ин созмон қарор гирифт.
Созмони Ҳамкории Шанхай, 20 дарсади захоири нафтӣ ва 50 дарсади захоири газии ҷаҳонро дар ихтиёр дорад ва асосан ҳамин потенсиал боис шуда, то ин созмон дар рушд ва такомули низомии худ, бино бар заруртҳо дар мутобиқат бо шароити минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба роҳи худ идома диҳад.