Дасти радди Амрико ба синаи 90 дарсади паноҳҷӯёни афғонистонӣ
Расонаи амрикоӣ эълом кард, Амрико бо тақозои паноҳандагии 90 дарсад аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки ба далоили инсонӣ қасди вуруд ба ин кишварро доранд, мухолифат кардааст.
Шабакаи хабарии Си Би Эс рӯзи сешанбе бо истинод бар асноду мадорики идораи хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират ( USCIS ) -и Амрико гузориш дод, ки ин кишвар ба таври куллӣ аз июли 2021 то кунун беш аз 46 ҳазор тақозои паноҳандагиро аз афғонистониҳо дарёфт кардааст ва ҳанӯз бисёре аз ин тақозоҳо дар ҳоли баррасӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, дар маҷмуъ то ибтидои моҳи ҷории мелодӣ (июн) фақат ба 4 ҳазору 246 тақозо расидагӣ шуда, ки аз байни онҳо 297 маврид пазируфта шудааст.
Ин гузориш нишон медиҳад, ҳарчанд Амрико беш аз 70 ҳазор афғонистониро, ки ба талошҳо алайҳи ҷанг бо Толибон кумак кардаанд, искон додааст, вале бо тақозои беш аз 90 дарсад аз афроде ки таҳти унвони созукори машрути инсондӯстона қасди вуруд ба ин кишварро доранд, мухолифат шудааст.
Дар баёнияи Эътилофи ҳуқуқи башар таъкид мешавад: Ин вазъият, ба вижа барои занону кӯдаконе, ки 80 дарсад аз оворагони ҷадиди афғонистониро ташкил медиҳанд, мухарриб будааст, зеро онҳо бо хатароти муҳофизатии физояндае монанди ҷудоии хонавода, фишору осеби равонӣ, истисмору хушунати ҷинсиятӣ мувоҷеҳ ҳастанд.