Июн 22, 2022 15:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи тӯпхонаии артиши Русия ба Харков

Фармондори Харков аз ҳамалоти тӯпхонаии неруҳои артиши Русия ба ин минтақа ва кушта шудани дастикам 15 ғайринизомӣ хабар дод.

Ба гузориши “Рейтер”, фармондори Харков эълом кард, дар пайи ташдиди ҳамалоти тӯпхонаии неруҳои артиши Русия пас аз ҳафтаҳо оромиши нисбӣ, шаш нафар дар Харков ва атрофи он, шаш нафар дар 40 километрии ҷануби шарқии Харков ва се нафар низ дар 40 километрии шимоли ғарбии ин шаҳр ҷони худро аз даст доданд.

Вазорати дифои Британия ҳафтаи гузашта дар тозатарин арзёбии худ дар бораи ҷанги Украина аз пешравии Русия дар Харков хабар дод.

Ин вазоратхона афзуд, талоши аслии Русия ҳамчунон ҳамла ба Северодонетск дар Донбас аст.

Ҳамчунин Русия дар моҳи ҷорӣ (июн) эълом кард, ки миқдори зиёде аз таҷҳизоти низомии амрикоӣ ва аврупоӣ дар минтақаи Харкови Украина мунҳадим шудааст.

 

Барчасп