Июн 23, 2022 17:55 Asia/Dushanbe
  • Дархости Макрон барои мусолиҳаи гуруҳҳои сиёсии Фаронса

Раиси Ҷумҳурии Фаронса созишу мусолиҳа бо неруҳои сиёсӣ барои дастёбӣ ба « аксариятии равшан » дар порлумони ин кишварро хостор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Эмануэл Макрон-раиси Ҷумҳурии Фаронса рӯзи чаҳоршанбе дар нахустин суханронии пас аз интихоботи порлумонӣ эдеяи ташкили давлати ваҳдати миллиро, ки ба эътиқод ӯ « дар ҳоли ҳозир қобили тавҷеҳ нест » барои бурӯнрафт аз буҳрони ношӣ аз интихоботи порлумонии якшанбеи 19 июн рад кард .
Макрон бо иқрор ба « шикофҳое », ки бо интихоботи порлумонии Фаронса ошкор шуд, аз табақаи сиёсӣ хост зимомдории мутафовитро ёд гирифтаву қонун вазъ кунад .
Раиси Ҷумҳурии Фаронса, ки аз аксарияти нисбӣ дар Маҷмаъи миллӣ бархурдор аст, бояд иттиҳодҳое пайдо кунад ; хоҳ маврид ба маврид, хоҳ дар чорчӯби як эътилоф .
Макрон дар нутқи кӯтоҳи телевизиюнии худ аз неруҳои сиёсии мухталиф хост масъӯлиятҳояшонро бар уҳда бигиранд ва афзуд : « Бояд созишҳову ислоҳоте эҷод кард, аммо ин кор бояд дар шафофияти комил ва бо иродаи ваҳдат ва иқдом барои миллат анҷом шавад . »

 

Барчасп