Ноябр 29, 2016 19:09 Asia/Dushanbe
  • Амрико ва Арабистон омилони пайдоиши гурӯҳи террористии ДИИШ

Бунёнгузори пойгоҳи ифшогари Викиликс, Амрико ва Арабистони Саудиро омилони пайдоиши гурӯҳи террористии ДИИШ донист.

Ба гузориши Presstv, Ҷулиан Ассанж, бунёнгузори пойгоҳи ифшогари Викиликс эълом кард, Созмони иттилооти марказии Амрико “CIA” ва Арабистони Саудӣ масири шаклгирии гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ҳамвор карданд.

Бунёнгузори пойгоҳи ифшогари Викиликс тасреҳ кард, пас аз ҳамалоти 11-и сентябри 2001, Амрико вориди ҷанге шуд, ки беш аз як даҳа ба тӯл анҷомид ва ҳамин ҷанг чорчуби мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва манобеи молии ДИИШ-ро шакл дод.

Ассанж гуфт, ҳимояти Арабистон аз террористҳо дар минтақа низ аз далоили дигари шаклгирии ДИИШ аст. Бунёнгузори пойгоҳи ифшогари Викиликс афзуд, Арабистон ошкоро ба террористҳое, ки аз ҳимояти кишварҳои ғарбӣ низ суд мебаранд ва дар ҳоли ҷанг бо давлати Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ҳастанд, кумаки молӣ мекунад.

Дар шашумин солгарди ифшои асноди дипломатии Амрико (Cablegate), Ҷулиан Ассанж, бунёнгузори сайти ифшогари Викиликс бо интишори асноди ҷадид фош кард, Созмони ҷосусии Амрико “CIA” гурӯҳи террористии ДИИШ-ро эҷод кардааст.

Ин хабар пас аз он мунташир шуд, ки пойгоҳи интернетии Викиликс беш аз панҷсад ҳазор санади дипломатиро мунташир кард.

 

Барчасп