Июл 27, 2016 13:06 Asia/Dushanbe
  • Вогузории раёсати иҷлоси вузарои хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ ба Узбакистон

Намояндаи Кувайт дар Созмони ҳамкории исломӣ дар нишасти муқаддамотии сафирони кишварҳои узви ин созмон дар Ҷадда, раёсати иҷлоси давраи ояндаи вузарои хориҷаро ба Узбакистон вогузор кард.

Раёсати иҷлоси вузарои хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ ба Узбакистон вогузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, намояндаи Кувайт дар Созмони ҳамкории исломӣ дар нишасти муқаддамотии сафирони кишварҳои узви ин созмон дар Ҷадда, раёсати иҷлоси давраи ояндаи вузарои хориҷаро ба Ӯзбакистон вогузор кард.

Дар оғози ин нишасти серӯза, ки дар ростои омодасозии муқаддамоти баргузории чиҳилусеюмин иҷлоси вузарои хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ баргузор мешавад, Иброҳим Аллаҳим, аз мақомоти Вазорати хориҷаи Кувайт бо ироаи гузорише аз иқдомоти кишвараш дар давраи пешин, аз раёсати Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон бар иҷлоси ҷадид истиқбол кард.

Қарор аст, дар нишасти сафирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар Ҷаддаи Арабистон дар ҳоли баргузорӣ аст, муҳимтарин таҳаввулоти Фаластин, вазъияти баландиҳои ишғолшудаи Ҷавлони Сурия ва авзои сулҳ дар Ховари миёна баррасӣ шавад.

 

Барчасп