Июн 26, 2022 09:15 Asia/Dushanbe
  • Путин аз ирсоли мӯшакҳои Искандар ба Беларус хабар дод

Раиси ҷумҳӯри Русия аз таҳвили сомонаҳои мушакии Искандар -АМ ба ин кишвар хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Путин гуфт кишвараш дар тӯли чанд моҳи оянда ин сомонаҳои мушакии пешрафтаро ба Беларус мефиристад .
Путин гуфт : Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ниёз ба иқдоми мутақобил дар муқобили НАТО ва муттаҳидонаш вуҷуд надорад, вале ҳавопаймоҳои СУ 25 метавонад ба новгони ҳавоии Беларус изофа шаванд .
Путин ваъда дод илова бар ирсоли сомонаҳои мушакии ҳидоятшавандаи Искандар АМ, як сомонаи дигари мавсӯм ба СС 26 Стон дар ихтиёри Белорус қарор хоҳад дод .
Лукашенко низ дар ин нишаст афзуд : Нисбат ба сиёсатҳои таҳоҷумии ҳамсоягон, Литва ва Полша нигаронем .
Вай аз Путин хост дар муқобили НАТО ин кишварро кумак кунад ва ҳавопаймоҳои Беларусро ба қобилияти ҳастаӣ таҷҳиз кунад .

 

Барчасп