Июн 29, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Пофишории мақомоти Украина бар маҳрумияти Русия аз ихтиёроташ дар СММ

Пофишории Украина бар маҳрумияти Русия аз ихтиёроташ дар Созмони Милал ба вокуниши Маскав дар нишасти изтирории Шӯрои амният мунҷар шуд.

Дар пайи дархости Киев, Шӯрои амнияти Созмони Милал асри сешанбе ба вақти маҳаллӣ, ба манзури баррасии иддаоҳо дар бораи ҳамлаи мушакӣ ба маркази хариди Кременчуг дар Украина нишасти изтирорӣ баргузор кард.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина ба сурати видеоӣ дар ин нишаст ҳузур дошт, ки сабаби эътирози намояндаи Русия дар Созмони Милал шуд.

Василий Небензя, намояндаи Созмони Милал дар ин нишаст зимни ироаи гузорише аз охирин вазъияти Украина, дар вокуниш ба дархости Киев барои маҳрумияти Маскав аз ихтиёроташ дар Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии СММ изҳор дошт, таблиғоти Киев шароитеро барои "бозорёбии шум" ҷиҳати идомаи ҷараёни таслеҳот ба самти неруҳои украинӣ эҷод мекунад.

Амрико Русияро муттаҳам кард. ҳамлаи мушакӣ ба маркази хариди Кременчуг дар Украина бахше аз роҳкори мутеъсозии Киев маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки намояндаи Чин зимни таъкид бар бознигарии дарсҳои ҷанги сард ва зеҳнияти пойдори он изҳор дошт, ҷараёни таслеҳот ба Украина ва таҳримҳо алайҳи Русия наметавонад сулҳро ба армуғон оварад.