Июл 02, 2022 09:24 Asia/Dushanbe
  • Идомаи рушди тиҷорати хориҷии Чин дар соли 2022

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Чин дар семоҳаи дувуми соли ҷорӣ бо рушд ҳамроҳ будааст.

Шӯрои иртиқои тиҷорати хориҷии Чин рӯзи ҷумъа дар гузорише аз идомаи рушди тиҷорати хориҷии ин кишвар дар се моҳаи дувуми соли 2022 хабар дод.

Дар ин гузориш, иллати ин рушд, муваффақият дар маҳори ҳамагирии корона ва эъмоли сиёсатҳои муассир барои тасбити рушди тиҷорати хориҷӣ эълом шудааст.

Шӯрои иртиқои тиҷорати хориҷии Чин дар гузориши худ овардааст, ҳаҷми тиҷорати хориҷии Чин дар семоҳаи дувуми сол бо бозгашт ба даврони муваффақи гузашта, бавижа дар колоҳои дорои арзиши афзӯдаи боло монанди тавлиди таҷҳизоти дорои корбурдии хос, худравсозӣ, иртибототи роёнаӣ, дастгоҳҳои диҷитал ва тавлидоти пизишкӣ нисбат ба семоҳаи нахуст афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми тиҷорати хориҷии ширкатҳо низ бо рушд ҳамроҳ буда ва суди содироти бештари саноат дар муқоиса бо се моҳаи нахусти соли ҷорӣ афзоиш доштааст.

Густариши ҳамагирии корона дар Чину сирояти он ба соири кишварҳо дар моҳи охири соли 2019, иқтисод ва рушди тавлиди нохолиси миллии ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро таҳти таъсир қарор дода буд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп