Июл 10, 2022 21:37 Asia/Dushanbe
  • Дастовардҳои низомии ҷадиди Русия дар Украина
    Дастовардҳои низомии ҷадиди Русия дар Украина

Вазорати дифоъи Русия аз кушта шудани чандин низомии украинӣ ва инҳидоми силоҳҳои ирсолии ғарб ба Украина дар амалиёти низомии Русия дар Украина хабар дод.

Беш аз чор моҳ аз ҷанги Украина мегузарад ва ирсоли силоҳҳои кишварҳои ғарбӣ барои Украина ҳамчунон идома дорад.

Русия ҳушдор дода аст таҷҳизоти низомие, ки Амрико ва Аврупо дар ихтиёри Украина қарор медиҳад сабаби ташдиди муноқиша дар ин кишвар мешавад ва паёмадҳои ғайри қобили пешбини ба дунбол дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс Вазорати дифоъи Русия имрӯз якшанбе эълом кард, ки беш аз ҳазор тупхона, ҳудуди 700 хумпораи ирсолии ғарбӣ ба Украина ва ду ҳавопаймои артиши ин кишвар дар амалиёти низомии Русия дар Украина мунҳадим шуданд ва ҳудуди 100 низомии украинӣ кушта шуданд.

Ҳамзамон бо дархостҳои пай дар пай Украина барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандин миллион долларии ин кишвар аз ғарбиҳо ва дар пайи таҳарукоти ахири ғарб дар наздикии марзи Русия, Владимир Путин, раиси Ҷумҳуриии Русия ин кишвар 24 февра дар посух ба дархости кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои Донетс ва Луганск дар шарқи Украина дастури ҳамлаи низоми дар минтақаи Донбассро содир кард баъд аз он ҷангандаҳо, тупхона ва сомонаҳои мушакии Русия мавозеъи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд.

Путин таъкид карда аст ин ҳамла ба манзалаи нозизудоӣ Украина ва халъи силоҳи ин кишвар аст.

Маскав борҳо ба кишварҳои ғарби дар бораи мусалаҳ кардани Украина ва низ бетаваҷуҳи ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти украиниҳо ба сокинони рустабор дар шарқи Украина ҳушдор дода аст.

Кишварҳои ғарби ба вижа Амрико дар солҳо гузашта аз давлати Украина ҳимоятҳои молӣ ва низомии густардае дошта ва пас аз шуруъи даргириҳо дар ин кишвар низ ба ҳимоятҳои худ дар канори эъзоми муздур идома доданд.