Дархости Керрӣ барои тамдид нашудани қонуни таҳримҳо зидди Эрон
Декабр 01, 2016 12:32 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Амрико аз сенаторҳои демократ хост, қонуни таҳримҳо алайҳи Эронро тамдид накунанд.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Амрико ба Конгрес рафт, то намояндагони демократи маҷлиси Сенатро аз тамдиди таҳримҳо алайҳи Эрон барҳазар дорад ва онҳоро қонеъ кунад, ки давлати ояндаи (Доналд Трамп)-ро аз барчидани тавофуқи ҳастаии Эрон боздоранд.
Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузори Садо ва Симо, ин дар ҳоле аст, ки John Brennan, раиси Оҷонси иттилооти марказии Амрико (СИА) пеш аз ин гуфт, талоши Трамп барои лағви тавофуқ ҳастаӣ бо Эрон иқдоме «фоҷиабор» хоҳад буд.
Ин изҳорот дар ҳоле баён мешавад, ки Трамп дар корзори интихоботии худ таҳдид карда буд, тавофуқи ҳастаии Эронро лағв хоҳад кард.