Фош шудани ҷиноятҳои сарбозони Бритониё дар Афғонистон
Бар асоси як таҳқиқот нерӯҳои вижаи Бритониё танҳо дар як маъмурияти шашмоҳа дар Афғонистон даҳҳо ғайринизомии афғонро куштаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси таҳқиқоте, ки Би-Би-Си анҷом додааст, як воҳиди низомии нирӯҳои вижаи артиши Бритониё дар шаш моҳ дар Афғонистон камаш 54 ғайринизомӣ ва боздоштшудаи афғонистониро куштааст.
Бино ба асноде, ки Би-Би-Си ба даст овардааст, ба назар мерасад генерал Марк Картон-Смит, раиси собиқи нерӯҳои вижаи Бритониё аз иттиҳоми кушторҳои ғайриқонунӣ огоҳ буд, аммо аснодро ба артиши шоҳӣ ироа накардааст.
Дар ҳамин ҳол иддае аз афроде, ки дар нерӯҳои вижаи бритониёӣ дар Афғонистон хидмат мекарданд, гуфтанд,ки онҳо шоҳиди кушта шудани ғайринизомиён дар ҳамлаҳои шабонаи нирӯҳои вижа буданд ва ин нерӯҳо барои куштани ғайринизомиёни афғонистонӣ бо ҳам рақобат мекарданд.
Дар соли 2019 Би-Би-Си ва The Sunday Times ҳарду таҳқиқи рейдҳои нерӯҳои вижаи Бритониёро оғоз карданд, ки боиси парвандаи додгоҳӣ шуд, ки Вазорати дифои Бритониёро вазифадор кард, ки далелҳои дахолати ҳукуматро дар ин амрро нашр кунад.
Дар поёни ин гузориш гуфта мешавад, ки мукотибаи дохилии афсарони бритониёӣ нишон медиҳад, ки афсарони зинаҳои болоии нирӯҳои вижа аз эҳтимоли куштори ғайриқонунӣ аз сӯи ин нирӯҳо огоҳ буданд, аммо бо вуҷуди талаботи қонунӣ, гузорише дар ин хусус ба полис ироа накардаанд.