Июл 15, 2022 19:08 Asia/Dushanbe
  • Таварруми бесобиқаи Амрико ва бозгашти сафҳои тӯлонӣ барои дарёфти кумаки ғизоӣ

Таварруми бесобиқаи Амрико дар 40 соли гузашта мардуми ин кишварро барои дарёфти кумаки ғизоӣ ба сафҳои тӯлонӣ кашондааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, теъдоди амрикоиҳое, ки дар пайи фишори таварруми бесобиқа дар Амрико дар 4 даҳаи гузашта маҷбур шудаанд дар муқобили бонкҳои тақсими маводи ғизоӣ дар саросари ин кишвар барои дарёфти кумаки ғизоӣ саф бикашанд, афзоиши чашмгир доштааст.

Афзоиши қимати бензин, маводи ғизоӣ ва иҷораи маскан, таваррум дар Амрикоро дар моҳи июн ба болотарин ҳадди худ дар беш аз чаҳор даҳаи ахир расонд.

Таваррум дар Амрико дар моҳи июн ба 9. 1 дарсад афзоиш ёфтааст, ки бештарин афзоиш аз соли 1981 ба шумор меравад.

Мавҷи гаронӣ дар Амрико бо густариши вируси корона оғоз шуд, аммо ҷанг дар Украина бар шиддати буҳрон афзуд.

 

Барчасп