Июл 17, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири собиқи Британия : Даврони султаи Ғарб ба поён расидааст

Нахуствазири асбақи Британия дар эътирофе гуфт, ки даврони султаи Ғарб бар ҷаҳон дар ҳоли ба поён расидан аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нахуствазири собиқ ва ҷангталаби Британия таи суханронии солона дар рӯйдоди бунёди Дичлӣ тавзеҳ дод : « Даврони султаи сиёсӣ ва  иқтисодии Ғарб рӯ ба поён аст ва ҷаҳон ба самти мафҳуми дуқутбӣ ва эҳтимолан чандқутбӣ ҳаракат мекунад » .
Нахуствазири собиқ ва ҷангталаби Британия бо баёни инки ҷаҳон ҳаддиақал дуқутбӣ ва эҳтимолан чандқутбӣ хоҳад шуд, Чинро « дуюмин абарқудрати ҷаҳон » номид.
Ба назари Блер раиси ҷумҳӯри Чин қасди худро барои бозгардондани Тайван таҳти контроли Пекин пинҳон намекунад .
Ин сиёсатмадори британияӣ бо таъкид бар аҳамияти « қудрати нарм » дар муқобила бо Чин гуфт, ки Русия ва эҳтимолан Эрон ба муттаҳидони аслии Пекин дар ҷаҳони чандқутбии ҷадид табдил хоҳанд шуд .
Пеш аз ин низ Александр Лукашенко-раиси ҷумҳӯри Беларус бо интиқод аз сиёсати Ғарб ҳушдор дод чунин сиёсате ҷаҳонро ба вартаи ҷанги бузурге наздик мекунад, ки ҳеҷ барандае нахоҳад дошт .

 

Барчасп