Июл 23, 2022 07:33 Asia/Dushanbe
  • Русия, Украина, Туркия ва Созмони Миллал тавофуқномае барои ҳалли буҳрони ҷаҳонии ғаллот имзо карданд
    Русия, Украина, Туркия ва Созмони Миллал тавофуқномае барои ҳалли буҳрони ҷаҳонии ғаллот имзо карданд

Русия, Украина, Туркия ва Созмони Миллал рӯзи ҷумъа тавофуқномаеро дар ростои ҳалли буҳрони ҷаҳонии ғаллот имзо карданд .

Ин тавофуқнома байни Александр Кубраков-вазири зерсохти Украина,Хулуси Окор-вазири дифои Туркия ва Антонио Гутерриш- дабири кулли Созмони Миллал имзо шуд .
Сергей Шайго-вазири дифои Русия низ дар Истонбул тавофуқномаи содироти ғаллоти (ғалладона) Украинаро бо Созмони Миллали Муттаҳид ва Туркия имзо кард .
Бар асоси ин тавофуқнома контроли бандарҳои Оддеса, Черноморск ва Южний , ки маҳали содироти ғаллот хоҳанд буд, дар ихтиёри тарафи украинӣ хоҳад буд . Муддати ин тавофуқнома 120 рӯза ва қобили тамдид аст . Дар сурати иҷрои ин тавофуқнома беш аз 20 миллион тон ғаллот аз ҷануби Украин содир мешавад, ки метавонад ба коҳиши буҳрони ғизо ва қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон кумак кунад .
Ба назар мерасад ин тавофуқномаи гоми нахуст барои ҳалли буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон бошад . Бо тавваҷуҳ ба инки Русияву Украина нақши муҳимме дар таъмини маҳсулоти ғизоии стротежик монанди гандум, ҷуворимакка ва равғанҳои хурокӣ доранд, ин тавофуқнома метавонад роҳро барои азсаргирии содироти ин маҳсулот аз тариқи банодири Украина дар баҳри Сиёҳ ва аз онҷо ба баҳри Миёназамин ва соири нуқоти ҷаҳон ҳамвор намояд .
Пас аз оғози ҷанг байни Русияву Украина дар авохири феврали 2022 бо тавваҷуҳ ба даргириҳо дар нуқоти соҳилии Украина монанди бандари Мариупол ва низ танишҳои низомии байни ду тараф дар савоҳили шимолии баҳри Сиёҳ, амалан имкони содироти маҳсӯлоти ғизоӣ аз тариқи Украина ба сифр расида буд . Зимни инки таҳримҳои густардаи Ғарб алайҳи Русия ба шаклҳои мухталиф мӯҷиби коҳиши содироти ин маҳсӯлоти стротежик аз ҷониби ин кишвар шуда ва ҳамин масъала муҷиби шаклгирии муъзали муҳимм, яъне буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шуд .
Беш аз 50 кишвари ҷаҳон барои гандуми худ ба Русияву Украина вобаста ҳастанд . Камбуд ё афзоиши ҳазинаи гандум ба маънои таъсир бар маводи ғизоии зарурӣ монанди нон, макарон ва ғаллот аст . Бо ташдиди буҳрони Украина ва талоши кишварҳои ҷаҳон барои ёфтани таъминкунандагони мухталиф қимати бисёре аз анвоъи маводи ғизоӣ дар ҳоли афзоиш аст . Дар ин росто Созмони Миллал борҳо дар бораи буҳрони ғизоӣ ба далели камбӯди ғаллот ҳушдор дода ва кишварҳои ғарбӣ низ низ бидуни ишора ба таъсири иқдомоти манфии худ дар ин замина  Русияро ба ҷилавгирӣ аз содироти ғаллоти Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ муттаҳам кардаанд . Аммо Маскав қотеъона чунин иттиҳомотеро рад кардааст . Дар айни ҳол мақомоти Киев худ мавонеъи зиёде барои содироти ғаллот ба кишварҳои дигар эҷод карданд, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба оташ задани ғаллот дар бандари Мариопол ва коргузории минаҳои дарёӣ дар баҳри Сиёҳ аз ҷониби неруҳои украинӣ ишора кард .
Русия борҳои ин иттиҳоми ғарбиҳоро, ки Маскав ба истифода аз ғизо ба унвони силоҳи вайронгар алайҳи дигар кишварҳо муттаҳам кардаанд, рад кардааст .
Дар охирин маврид дар ин замина Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия ҷумъашаб тавофуқи Истонбул барои интиқоли ғаллот аз баҳри Сиёҳро муҷиби радди иттиҳомҳои сохтагӣ аз кишвараш тавсиф ва таъкид кард суъиистифодаи Амрикову муттаҳидонаш аз ғизо барои моҷароҷӯиҳои геополитикӣ ғайри қобили қабул ва ғайриинсонӣ аст .
Сергей Лавров гуфт : Ман мехоҳам таъкид кунам, ки гумоназаниҳои таблиғотии ғарбӣ ва Украина мабнӣ бар инки Русия гуё « гуруснагӣ содир мекунад » комилан беасос аст .
Ба гуфтаи ин мақоми аршади дипломосии Русия, Ғарб дар давраи буҳрони корона бо истифода аз механизми интишори арз, ва ҷараёни колоҳову маводи ғизоӣ вазъияти кишварҳои дар ҳоли тавсеаи вобаста ба воридоти маводи ғизоиро бадтар кард . Аз он замон буд, ки вазъияти сахти бозори маводи ғизоӣ шакл гирифт .
Вазири умӯри хориҷаи Русия тасреҳ кард, ки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар моҳҳои ахир ин раванди манфиро ташдид кардааст.
Ишораи ин мақоми аршади русӣ ба нақши мухарриби Ғарб дар эҷоди буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон бо воқеъиёт созгор аст .
Дар воқеъи ғарбиҳо бо эҷоди шадидтарин таҳримҳо алайҳи Русия аз ҷумла таҳрими киштиронии Русия ва низ банодири ин кишвар амалан ихлоли бузурге дар заминаи содироти маводи ғизоӣ,доруҳои шимиёӣ ва соири колоҳое, ки Маскав нақши муҳимме дар тадоруки онҳо барои соири кишварҳои ҷаҳон ба вижа дар ғарби Осиё ва шимоли Африқо дорад, эҷод кардаанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп