Декабр 02, 2016 19:38 Asia/Dushanbe
  • Шаби адабиёти Эрон, Арманистон ва Русия дар Маскав

Нахустин шаби шеъру мусиқии Эрон, Арманистон ва Русия бо ҳузури шуморе аз шаҳрвандон ва чеҳраҳои адабии се кишвар ва ҳамчунин форсизабонони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон дар Маскав баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, дар ин барнома, ки шомгоҳи якшанбе дар Хонаи фарҳангии Гайдароветси пойтахти Русия баргузор хоҳад шуд, шоирону навозандагони се кишвари Эрон, Арманистон ва Русия сурудаҳову осори мусиқиҳои ин кишварҳоро иҷро хоҳанд кард.

Шуморе аз устодони забони форсӣ, арманӣ, рус ва ҳамчунин эроншиносону шарқшиносон дар ин барнома ҳузур хоҳанд ёфт.

Ҳамчунин аксҳое аз намодҳои фарҳангиву торихии се кишвар дар маҳалли иҷрои маросим ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ҳамидризо Доду, муҷрии нахустин шаби шеъри Эрон, Арманистон ва Русия ва сарпарасти гурӯҳи мусиқии “Меҳрубонон” дар бораи аҳдофи ин барномаи ҳунариву фарҳангӣ гуфт, камҳазинатарину пуркорбурдтарин роҳи шинохти кишварҳо аз якдигар, ошкор кардани муштаракот байни миллатҳое аст, ки пайвастагиҳои торихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва динӣ доранд.

Бо тавваҷуҳ ба густариши омӯзиши забони форсӣ дар Русия ва афзоиши рӯзафзуни алоқамандон ба он, ҳар сол барномаҳои мухталифе, аз ҷумла шеърхонӣ, намоишгоҳҳои фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва намоиши осори синамоии Эрон дар шаҳрҳои мухталифи Русия, ба вижа Маскаву Санкт-Петербург иҷро мешавад.