Август 10, 2022 13:15 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Макрону Ҷонсон бо меҳварияти ҳимоят аз Украина

Раиси ҷумҳурии Фаронса ва нахуствазири Британия дар тамоси телефонӣ бар ҳимоят аз Украина дар баробари Русия таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кохи раёсати ҷумҳурии Фаронса эълом кард Макрону Ҷонсон гуфтанд, ки ҳимоят аз Украина то замоне ки лозим бошад, идома хоҳад ёфт .
Онҳо дар тамоси телефонӣ ҳамчунин дар бораи равобити дуҷонибаву масоили минтақаӣ гуфтугӯ карданд .
Ҳамзамон бо оғози ҷанг дар Украина дар 24 феврал, кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои бесобиқаеро алайҳи системаи молӣ ва ширкатҳои Русия эҷод кардаанд .
Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия таъкид кард : Русия дар баробари фишори бесобиқа муқовимат кардаасту таҳримҳо натиҷаи маъкус бар Амрикову муттаҳидони аврупоии он доштааст.

 

Барчасп