Август 11, 2022 17:21 Asia/Dushanbe
  • Таърихсозии ситораи мусалмони Риал Мадрид
    Таърихсозии ситораи мусалмони Риал Мадрид

Карим Бензама бо голзани дар бозии супркопи Аврупо ба дувумин голзани бартари таърихи Риал Мадрид табдил шуд.

Тими футболи Риал Мадрид рӯзи чоршанбе бо ғалаба бар Айнтрахт Франкфурт тавонист унвони қаҳрамонии суперкопи Аврупоро касб кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин мусобиқа Дэвид Алаба ва Карим Бензема голзани карданд ва ситораи мусалмон тавонист ба дувумин голзани таърихи бошгоҳи Риал Мадрид табдил шавад.

  • Бензема шаби гузашта бо голзани муқобили Айнтрахт Франкфурт 324 гола шуд ва аз Раул бо 323 гол убур кард.
  • Роналдо бо 450 гол бо иқтидор дар садри голзанони таърихи Риал Мадрид қарор гирифта аст.

Ҳамчунин Риал Мадрид бо қаҳрамони дар ин рақобатҳо теъдоди ҷомҳои худ дар суперкопро бо адади 5 расонд ва бо омори Барселона ва Милан яксон шуд.

Каҳкашониҳо то кунун дар солҳои 2002, 2014, 2016, 2017 ва 2022 ба ин ҷом даст пайдо карданд.

Анчелоттим сармурабии кунунии Риал ҳам бо 4 қаҳрамони дар суперҷоми Аврупо рекордор аст.