Таҳлил: Ҳамкориҳои муштараки Туркия ва Русия барои ҳазфи доллар
Туркия ва Русия ҳамкори барои ҳазфи доллар ва мубодилоти миёни дукишварро оғоз кардаанд.
Дар ҳамин иртибот, вазири энергияи Туркия эълом кард: Ба манзури таъмиқи равобити тиҷории дукишвар ва низ муқобила бо салтаи доллар бар бозорҳои ҷаҳонӣ, Анакара ва Маскав дар мавриди пардохти пули гази содиротӣ ба пули миллии дукишвар тавофуқ кардаанд.
Ҳафтаи гузашта низ Раҷаб Тайиб Эрдуғон Раиси Ҷумҳӯри Туркия эълом карда буд: Дар гуфтугӯ бо Владимир Путин ҳамтои русии худ, дар хусуси пардохти гази табиии харидори шуда бо рубл тавофуқ кардаем.
Бар асоси тавофуқи Анкара ва Маскав, муқаррар шудааст, ки колоҳои содиротии Русия ба Туркия ба воҳиди пули миллии Русия (рубл) пардохт шавад ва дар муқобил, колоҳои содиротии Туркия ба Русия низ бо пули миллии Туркия (лир) пардохт хоҳад шуд.
Дар соли 2017 мелодӣ, руасои Ҷумҳӯри Туркия ва Русия дар як суҳбати телефонӣ, таъкид бар идомаи равобити иқтисодии мутақобил, таъкид карда буданд: Анкара ва Маскав метавонанд аз доллар, евра, рубл ва ювон барои тиҷорат истифода кунанд.
Аммо ахиран пас аз дидори сарони Туркия ва Русия дар Сучи, Раҷаб Тайиб Эрдуғон Раиси Ҷумҳӯри Туркия эълом кард: Кишвараш барои тиҷорат бо Русия метавонад аз рубл истифода кунад дар муқобили Русия низ пардохтҳояшро ба Туркия бо лир анҷом хоҳад дод.
Туркия ва Русия пас аз бархе аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Чин, қасди канор гузоштани доллар аз муомилоти байналмиллалӣ ва истифода аз пулҳои миллии худро дорад. Бо ин раванд, ба зуди Эрон низ ба раванди тиҷорати бар асоси ҳазфи доллар иқдом хоҳад кард. Дар воқеъ Эрон низ қасд дорад, колоҳои содиротии худро ба Русия, Туркия ва Чин бо пули миллии худ (риёл) дарёфт кунад ва дар муқобил колоҳои харидори шуда аз ин кишварҳоро ба тартиб бо рубл, лир ва ювон, пардохт хоҳад кард.
Бадеҳи аст, ки бо ин раванд, ба зуди арзиши пули миллии кишварҳои Эрон, Русия, Туркия ва Чин афзоиши чашмгире хоҳад ёфт. Ҳинд низ ба манзури пайвастан ба ин раванд, аснодеро ба кишварҳои ин ҳавза имзо кардааст. Аз ҳама муҳимтар ин воқеъият ғайри қобили инкор аст, ки сиёсати таҳримҳои Амрико алайҳи кишварҳои ин ҳавза хунсо хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир бештар аз ниме аз кишварҳои ҷаҳон бо шиддат ва заъфҳои машмули таҳримҳои кишвари салтагари Амрико ҳастанд. Дар ҳақиқат, пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, Амрико ба унвони як кишвари салтагар бо таҳримҳои ноодилона алайҳи кишварҳои мустақил, талош кардааст ин даста аз кишварҳои кишварҳоиро бо мавозеъи худ ҳамроҳ созад.
Туркия ва Русия талош доранд ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни худро ба 100 миллиард доллар дар сол афзоиш диҳанд. Тардиде нест, ки бо иҷрои тавофуқи ахири Туркия ва Русия, Амрико ва бархе аз муттаҳидони Аврупоияш, танҳо дар андешаи зарба задан ба иқтисоди ин кишварҳо аз тариқи барномарези барои тавтиа ва эҷоди нобасомонӣ дар ин кишварҳо хоҳад буд. Таҳрики Украина ба ҷанг бо Русия ва фишор бар ин кишварро бояд танҳо яке аз тавтиаҳои Амрико ба манзури ворид сохтан фишори ҳар чӣ бештар бар Русия ва Иттиҳодияи Аврупо қаламдод кард.
Ин дар ҳоле аст, ки Иттиҳодия Аврупо ба манзури раҳоӣ аз фишорҳои Амрико аз даҳҳаи 1980 мелодӣ бо эҷоди пули воҳиди аврупоӣ (евра) тавонист бисёре аз тавтиаҳои Амрикоро хунсо кунад.Дар тӯли беш аз 7 даҳҳаи гузашта Амрико аловабар суистифода аз коғази доллар ба унвони пули миллии худ ва як воҳиди муътабари пули байнамиллалӣ, бисёре аз кишаварҳои мухолифи сиёсатҳои худро нобуд кардааст. Яке аз табаъоти манфии истифодаи кишварҳои ҷаҳон аз доллари Амрико, интиқоли таварум ва мушкилоти иқтисодии ин кишвар ба кишварҳоие будааст, ки арзӣ мабно ва пояашон доллари Амрико будааст.
Бо вуҷӯди ин , ин интизор вуҷӯд дорад, ки бо тавофуқҳои ахири Эрон, Туркия, Русия ва Чин иқтисоди Амрико бо мушкилоти ҷидди мувоҷеҳ шавад. Ин дар ҳоле аст, ки Ҳинд низ ба манзури раҳоӣ аз фишори Амрико, ба кишварҳои мустақил пайваста ва ниме аз тиҷорати дуҷониба бо Русияро бо арзҳои миллӣ яъне рупия ва рубл анҷом медиҳад. Дар ҳақиқат метавон гуфт, бештар аз ниме аз ҷамъияти ҷаҳон, долларро аз муомилоти тиҷории мутақобили миёни худ ҳазф кардаанд.
Бо иҷрои тавафуқҳои ахири Туркия ва Русия , дукишвар бо интисоли системҳои бонкӣ ва тақвияти ҳамкориҳои пулӣ, метавонад дар бахшҳои гардишгари ва умури визоии низ ҳамкориҳои мутақобили дошта бошанд. Дар ин иртибот Русия қасд дорад зерсохтҳои бонкии худро дар Туркия густариш диҳад, ки бо истифода аз он метавон аз кортҳои этибори MRI Русия истифода кард. Русия ин кортҳоро ба унвони ҷойгузине барои мастеркорт ва виза тарроҳи кардааст. Тамоми ин ҳаракоти Масква ва Анкара бахше аз аҳдофи дуктишвар барои коҳиши вобастагӣ ба доллари Амрико аст ва барои давлатҳо ва миллаҳои минтақа алалхусус дар як даҳҳаи оянда бисёр арзишманд қаламдод мешавад.
Бештар бихонед: