Кашфи модаи зидди ях дар оби шуши моҳиёни қутби шимол
(last modified Thu, 18 Aug 2022 15:09:18 GMT )
Август 18, 2022 20:09 Asia/Dushanbe
  • Кашфи модаи зидди ях дар оби шуши моҳиёни қутби шимол
    Кашфи модаи зидди ях дар оби шуши моҳиёни қутби шимол

Донишмандон дар пажуҳишҳои ҷадиди худ мутаваҷҷеҳ шуданд бархе аз моҳиёни қутби шимол дар оби шуши худ дорои навъи модаи зидди яхи ҳастанд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии нашрияи Сойенс Олрет, пажуҳишгарон бо анҷоми таҳқиқоти дар обҳои наздики куҳи яхи Гренландия дар қутби шимол як навъ моҳиеро сайд карданд, ки бадани он дар муқобили сармои шадид ба шидат қави аст.

Дамои ҳаво дар ин минтақа ба иллати вуҷуди ҷараёнҳои оби уқёнусӣ ба камтар аз сифр дараҷа мерасад сармо дар ин минтақаҳо ба ҳадди зиёд аст, ки хуни гунаҳои моҳиёни мунҷамид мешавад, ки бадани онҳо бештар барои зиндаги дар минтақаҳои бо обҳои гармтар муносиб аст.

Донишмандон бо анҷом додани озмоишҳои руёини моҳиён ва фароянди генетикии онҳо дарёфтанд ин гунаҳои моҳиён дар оби шушҳои худ анбуҳи аз протоинҳои зидди ях доранд, ки дар воқеъ мисли дастгоҳи зидди ях барои бадани онҳо амал мекунанд. Ба гуфтаи донишмандоне, ки ин таҳқиқро барои донишгоҳи шаҳри Ню-Йорк анҷом доданд ин протоин мисли зидди ях дар дохили мошинҳо амал мекунад, ки монъеи аз ях задаи об дар радиатор мешавад.