Август 21, 2022 10:00 Asia/Dushanbe
  • Мақоми рус : Воқеъаҳои Қазоқистону Узбекистон кори дасти Ғарб буд

Дабири шӯрои амнияти Русия рӯйдодҳои моҳи январ дар Қазоқистон ва июл дар минтақаи Қарақалпоқистони Узбекистонро кори Ғарб ва талоше барои роҳандозии инқилобҳои рангӣ унвон кард .

Эътирозоти январи соли ҷорӣ дар Қазоқистон дар пайи афзоиши қимати гази моеъ дар шаҳрҳои Оқтав ва Ҷонузин оғоз шуд ва сипас ба манотиқи дигари ин кишвар низ афзоиш ёфт ва теъдоди зиёди куштаву захмӣ бар ҷой гузошт . Ҳамчунин мардуми ҷумҳурии худмухтори Қарақалпоқистон ба марказияти шаҳри Нуқус,дар шимолу ғарбии Узбекистон чанде пеш дар эътироз ба пешнависи Қонӯни асосии ин кишвар тазоҳуроти зиддидавлатӣ баргузор карданд .
Дар ҳамон замон коршиносон ва бархе мақомоти амниятӣ дар як ҷамъбандии куллӣ аз бурузи буҳрон дар Узбекистону Қазоқистон гуфтанд, ки набояд аз нақши фаъоли бархе давлатҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрикову Англия дар ба вуҷуд омадани ин буҳронҳо ғофил шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Николай Патрушев-дабири Шӯрои амнияти Русия ин матлабро дар ҷараёни ҳафдаҳумин нишасти дабирони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, изҳор дошт .
Дабири шӯрои амният Русия гуфт : Инқилобҳои рангӣ ҳануз абзори аслӣ барои тарвиҷи ба истилоҳ демокросй ба сабки амрикоӣ ҳастанд, ки талоши Ғарб барои роҳандозии чунин инқилобҳое дар кишварҳои мо ба таври мураттаб мушоҳида мешавад.
 

 

Барчасп