Август 22, 2022 13:30 Asia/Dushanbe
  • Шойгу ҳамчунин афзӯд, ки ҳеҷ мушаки дар ҷаҳон аз вижагиҳои Киножол бархурдор нест
    Шойгу ҳамчунин афзӯд, ки ҳеҷ мушаки дар ҷаҳон аз вижагиҳои Киножол бархурдор нест

Вазорати дифои Русия эълом кард, ки нерӯҳои артиши ин кишвар то кунун се бор аз мушакҳои мофувқи савти Кинжол дар ҷанги Украина истифода кардааст.

Мушакҳои мофувқи савтии Кинжол аз маҷмуъаи силоҳои ҷадиди русӣ аст, ки  Владимир Путин, раиси Ҷумҳӯри Русия дар ҷараёни як суханрони дар соли 2018 онро рӯнамои кард. Путин ин мушакҳоро "шикастнопазир" хонда ва гуфта буд, ки онҳо метавонанд бо фарор аз сипари мушакии сохти Амрико, ҳар нуқтае аз ҷаҳонро ҳадаф қарор диҳанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз  Рӯйтерз.  Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия дар мусоҳибаи телевизиони гуфт: Мо то кунун се бор дар ҷараёни амалиёти низомии вижа дар Украина аз мушакҳои мофувқи сутии Кинжол инстифода кардим ва ҳар се бор натоиҷи матилубе ба даст овардем.

 Шойгу ҳамчунин афзӯд, ки ҳеҷ мушаки дар ҷаҳон аз вижагиҳои Киножол бархурдор нест.

Дар пайи интишори ин хабар аз сӯйи давлати Маскав, мақомҳои давлати Иёлоти муттаҳидаи Амрико низ шилики мушакҳои савти ба Украинаро таъид кардан ва гуфтанд, ки Русия бо ин иқдом мехоҳад ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи тавоноии низомии артиши худ паём бидиҳад.