Август 23, 2022 13:05 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷии муассисаи Gallup; афзоиши мушкилоти маишатии мардуми Амрико

Тайи як назарсанҷӣ, ки Муассисаи Gallup натоиҷи онро рӯзи душанбе мунташир кард, маълум шудааст, ки теъдоди бештаре аз мардуми Амрико аз мушкилоти маишатӣ ва иқтисодӣ ранҷ мекашанд.

Ба гузориши ИРНА, дар охирин назарсанҷии ин муассиса дарсади амрикоиҳое, ки мегӯянд, дар вазъияти феълӣ ранҷ мекашанд, ба 5.6 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин миқдор нисбат ба даврони рекорди иқтисодии соли 2008 ва давраи шуюи корона дар соли 2020 низ бештар аст.

Gallup дар пурсишномаҳои худ се шохиси кайфияти зиндагӣ барои ширкаткунандагон бо ановини дар ҳоли пешрафт, дар ҳоли мубориза ва дар ҳоли ранҷ таъйин кард, ки танҳо 7 дарсад аз мардуми ин кишвар эълом карданд, ки дар табақаи пешрафт қарор доранд.

Афзоиши ошкори вазъияти ранҷ дар ҳоле рух медиҳад, ки назарсанҷиҳои мутааддид нишон медиҳад, ки амрикоиҳо нисбат ба вазъияти иқтисодии ин кишвар бадбин ҳастанд ва нигаронии иқтисодиро болотар аз ҳамаи масоили дигар арзёбӣ мекунанд.

Байден дар муқобили афзоиши қимати сӯхту маводи ғизоӣ дар суханрониҳои худ танҳо ба шиорҳое аз қабили афзоиши қимати Путин басанда карда ва саъй мекунад афзоиши қиматҳоро ба гардани Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва амалиёти низомии Русия дар Украина биандозад.

Танҳо 11 дарсад аз амрикоиҳо бар ин боваранд, ки Путин масъули қиматҳои болои бензин аст ва маҳбӯбияти Байден ҳамчунон дар ҳоли коҳиш аст ва дар назарсанҷии Gallup дар июл ба поинтарин сатҳи худ, яъне 38 дарсад расидааст.

 

Барчасп