Боррел: Аксаран бо пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупо мувофиқ ҳастанд
(last modified Tue, 23 Aug 2022 11:12:25 GMT )
Август 23, 2022 16:12 Asia/Dushanbe
  • Боррел: Аксаран бо пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупо мувофиқ ҳастанд
    Боррел: Аксаран бо пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупо мувофиқ ҳастанд

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба дунболи посухи Эрон ба матни пешниҳодии ин иттиҳодия эълом кард бештари кишварҳои тарафи музокираи ҳастаӣ бо Эрон, бо пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупо дар Вена мувофиқ ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хосеп Боррел бо ишора ба кишварҳои тарафи музокироти Вена гуфт: Бештари онҳо мувофиқ ҳастанд, аммо ҳануз ҷавоби аз Амрико дарёфт накардаем, интизор дорем Вашенгтон ин ҳафта посух диҳад.

Боррел ҳамчунин муддаъи шуд, ки Эрон дархости чанд ислоҳ дар пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупо дода аст.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ рӯзи гузашта дар ҳошияи семинар дар Испания таъкид кард: Фикр мекунам посухи Эрон маъқул аст.

Дар ин миён Носири Канъони, сухангуи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи гузашта дар мавриди раванди музокироти Вена гуфт: Дар охирин даври музокирот дар Вена пешниҳодоти аз сӯи ҳамоҳангкунандаи Иттиҳодияи Аврупо ба тарафҳои музокира аз ҷумла Эрон ироа шуд ва тарафи эронӣ мубтани бар руйкарди созанда ва масъулонаи худаш посухи худашро нисбат ба пешниҳоди тарафи аврупоӣ дар замони муқарар дод.

Канъонӣ афзуд: То инҷо кор ҳануз аз суи тарафи муқобил ба таври мушахас Амрико посухи пешниҳодоти тарафи аврупоиро дарёфт накардаем, мо замони метавонем аз натиҷабахш будани ин марҳала аз музокирот суҳбат кунем, ки тарафи аврупоӣ эълом кунад, ки посухи тарафи амрикоиро ҳам дарёфт карда аст то ин замон ҳануз чунин иттифоқи рух надода аст.