Зеленский : Омодаи анҷоми музокироти оташбас бо Русия нестем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i90294-Зеленский_Омодаи_анҷоми_музокироти_оташбас_бо_Русия_нестем
Раиси Ҷумҳурии Украина аз омода набудани ин кишвар барои музокироти оташбас бо Русия хабар дод
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 24, 2022 13:17 Asia/Dushanbe
  • Зеленский : Омодаи анҷоми музокироти оташбас бо Русия нестем

Раиси Ҷумҳурии Украина аз омода набудани ин кишвар барои музокироти оташбас бо Русия хабар дод

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Зеленский-раиси ҷумҳурии Украина таи изҳороте бо эъломи омодагӣ надоштани ин кишвар барои нишастан бар сари мизи музокира бо Русия афзуд : Намехоҳем таҷрибаи манфии тавофуқномаҳои Минскро, ки ба аз даст рафтани бахше аз кишварамон мунҷар шуд, такрор кунем .
Бо вуҷуди пайвастани Қрима ба Русия бо баргузории ҳамапурсӣ дар соли 2014, Зеленский хотирнишон кард Киев ҳокимияти Украинаро бар ин минтақаи илҳоқшуда ба Русия бозпас мегирад .
Бино бар иддаои Зеленский озодсозии Қрим зарурӣ аст ва эҳёи назму қонуни ҷаҳонӣ хоҳад буд .