Шикасти муҷаддади Олмон дар ёфтани ҷойгузини гази Русия
(last modified Wed, 24 Aug 2022 13:08:00 GMT )
Август 24, 2022 18:08 Asia/Dushanbe
  • Талоши бенатиҷаи Олмон барои ҷойгузинии гази Русия
    Талоши бенатиҷаи Олмон барои ҷойгузинии гази Русия

Расонаҳо, ки пеш аз ин аз шикасти пружаи Олмон барои ҷойгузин кардани гази Русия бо гази Қатар хабар дода буданд, ин бор аз шикасти воридоти газ аз Канада хабар доданд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи “Форс”, рӯзномаи “Die Zeit” рӯзи сешанбе фош кард, талошҳои Олаф Шултс, садри аъзами Олмон барои таъмини газ аз Канада ба манзури коҳиши вобастагии Иттиҳоди Аврупо ба энержии Русия муваффақ набудааст.

Шултс рӯзи душанбе бо Ҷостин Трудо, нахуствазири Канада дар Монтреал дидор кард то дар мавриди дидгоҳи интиқоли миқдоре аз гази табиии фаровони ин кишвар аз тариқи уқёнуси Атлас (Атлантика) ба поёнаҳои Олмон гуфтугӯ кунад.

Бо ин ҳол, ба назар мерасад Трудо аз ин пешниҳод истиқбол накардааст.

Дар ҳоле ки Трудо нақши гази табиии Канада дар кам кардани камбуди энержии Аврупоро рад накарда, аммо гуфтааст, ҳанӯз як пружаи тиҷории мушаххас барои эҳдоси поёнаи содироти гази табиии мойеъ (LNG) дар Сент Ҷон ё ҷойҳои дигар вуҷуд надорад.

Нахуствазири Канада сипас хотирнишон кард, гази табиӣ бояд аз тариқи хати лӯла аз маёдини ғарби Канада ба як поёнаи мойеъсозӣ дар савоҳили уқёнуси Атлас, ки ҳанӯз сохта нашуда, ирсол шавад.

Трудо гуфт, бо тавваҷуҳ ба тааҳҳуди Аврупо ба интиқоли фаврӣ аз энержиҳои зеризаминӣ ба энержии пок, ин кор як масъулияти пурҳазина хоҳад буд ва мумкин аст сармоягузории эҳтиёткорона набошад.

Дар айни ҳол Берлин дар таъмини газ аз кишварҳои дигар низ шикаст хурдааст. Ба тозагӣ як рӯзномаи олмонӣ гузориш дод, Олмон натавониста он гуна ки қарор буд аз Қатар Эл Эн Ҷи ворид кунад.