Русия мизбони размоишҳои СҲШ
(last modified Sat, 27 Aug 2022 08:46:21 GMT )
Август 27, 2022 13:46 Asia/Dushanbe
  • Русия мизбони размоишҳои СҲШ

Размоишҳои муштараки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба мизбонии Русия баргузор мешаванд.

Созмони Ҳамкории шанхай Дар соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд.

Ҳинд ва Покистон дар нишасте, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, узвияти комили ин созмонро ба даст овараданд. Эрон низ дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шанхай аст.

Ба гузориши Форс, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви ин созмон аз баргузории размоишҳои муштараки кишварҳои узви ин созмон таҳти унвони «Маъмурияти сулҳ 2023» дар хоки Русия дар соли ояндаи милодӣ, хабар дод.

Дар ин иҷлос, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, мавзуоти марбӯт ба густариши бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар ҳавзаи дифоӣ, иқдомот барои таъмини сулҳ, субот ва амният дар фазои Шанхай, ҳамоҳангсозии талоши кишварҳои узви ин созмон дар заминаи мубориза бо хатар ва таҳдидот баррасӣ шуданд.