Август 27, 2022 18:34 Asia/Dushanbe
  • Сандерс-болотарин мизони маҳбубиятро дар миёни раъйдиҳандагони амрикоӣ дорад

Натоиҷи ҳосил аз назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки Берни Сандерс-сенатори мустақил аз иёлати Вермонти Амрико аз болотарин мизони маҳбубият бархурдор аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, " Хилл "-пойгоҳи хабарии Конгресси Амрико бо интишори натоиҷи назарсанҷии "USA TODAY" ва муассисаи Epsom навишт : Натоиҷи ҳосил аз назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, ки Берни Сандерс-сенатори мустақил аз иёлати Вермонти Амрико дар феҳристе аз 23 номзади эҳтимолии раёсати ҷумҳурии соли 2024 аз болотарин мизони маҳбубият дар байни раъйдиҳандагон бархурдор аст .
Тибқи ин гузориш 46 дарсад аз раъйдиҳандагони ширкаткунанда дар ин назарсанҷӣ дастикам дидгоҳи мусбате нисбат ба Сандерс доранд ва 41 дарсад гуфтаанд назари онҳо нисбат ба ин сенатор манфӣ аст .
Натоиҷи ин назарсанҷӣ баёнгари он аст, ки  Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии кунунии Амрико аз назари мизони маҳбубият назди раъйдиҳандагони ин кишвар бо касби 43 дарсад назари мувофиқи мардум  дар рутбаи дувум қарор дорад .
Доналд Трамп - раиси ҷумҳурии пешини Амрико низ дар сатҳи мушобеҳи Байден аз набуди мақбулият аз назари амрикоиҳо мувоҷеҳ аст .
Камал Ҳарис-муовини Байден ва Майк Пенс- муовини раиси ҷумҳурии собиқи Амрико низ аз назари мизони маҳбубият бо касби 40 дарсади орои посухдиҳандагон дар рутбаҳои сеюму чаҳорум дар байни номзадҳои эҳтимолӣ қарор гирифтанд.
Назарсанҷии ахир дар фосилаи замонии 18 то 22 август ба сурати мусоҳибаи онлайн аз 2 ҳазору 345 раъйдиҳандаи бузургсоли амрикоӣ бо зариби хатои 2.5 дарсадӣ анҷом шудааст .
Шастумин интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико қарор аст панҷуми ноябри 2024 баргузор шавад.
 

 

Барчасп