Август 29, 2022 16:54 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши халабонони фирории афғон дар Амрико

Як манбаи низомӣ - дипломатӣ аз омӯзиши халабонони фирории афғон дар Амрико барои сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ، як манбаи низомӣ – дипломатӣ, ки нахост номаш фош шавад,эълом кард: Пентагон ( Вазорати дифои Амрико ) шурӯъ ба истихдоми халабонони собиқи афғон кардааст, ки як соли пеш ҳамроҳ бо неруҳои амрикоӣ ба Амрико фирор карданд .
Бино бар эъломи ин манбаъ омӯзиши халабонони афғонӣ қарор аст дар Калифорния оғоз шавад ва барномаҳое барои эъзоми онҳо аз тариқи Полша ва пас аз он ба Украина дар назар гирифта шудааст .
Ба гуфтаи ин манбаъ ин омӯзиш на танҳо халабонони собиқи афғон, балки соири афғонҳое ки дар қисмҳои вижа хизмат мекардандро низ шомил мешавад .
Ин манбаъ тасреҳ кард : « Ба онҳо пешниҳод мешавад, ки ибтидо омӯзиш бибинанд ва қарордодеро имзо кунанд, ки шомили истиқрор дар минтақаи ҷангӣ дар Украина аст . »

 

Барчасп