Август 30, 2022 11:08 Asia/Dushanbe
  • Русия идомаи ҳамалоти ҳавоии Тел-Авив ба Сурияро маҳкум кард

Сафири Русия дар Созмони Миллали Муттаҳид(СММ) эълом кард: Маскав башиддат тадовуми ҳамалоти ҳавоии Тел-Авив ба Сурияро маҳкум мекунад.

Режими саҳюнистӣ дар солҳои ахир борҳо ба Димишқ ва манотиқи мухталифи Сурия таҷовузи ҳавоӣ карда, ки бо раҳгирӣ бамавқеи падофанди ҳавои Сурия дар бештар мавоқеъ ин ҳамалот дафъ шудааст .
Таҷовузҳои ҳавоии режими саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки давлати Сурия борҳо бо ирсоли нома ба СММ ин ҳамалотро маҳкум ва хостори таваққуфи он шудааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, Василий Небензя-сафири Русия дар СММ гуфт : Барқарории суботу амнияти тӯлонимуддат дар Сурия танҳо аз тариқи бозгардондани комили ҳокимият, истиқлол, ваҳдату тамомияти арзии Сурия ва таваққуфи ҳузури ғайриқонӯнии низомии хориҷӣ имконпазир аст .
Небензя хотирнишон кард, ки Русия ҳамчунин ҳамалоти ҳавоии Исроил дар моҳи июн ба фурудгоҳи байналмиллалии Димишқро маҳкум ва муътақидаст, ки ин ҳамалот пас аз дарёфти муҷаввизи зимнии Тел-Авив аз Иёлоти Муттаҳида барои анҷоми чунин иқдоме оғоз шуд .
Небензя таъкид кард: Русия муътақид аст, ки ин мавзе мунъакискунандаи риёкорӣ ва стандарти дугонаи Ғарб дар қиболи усули асосии ҳуқуқи байналмилал ва ҳамчунин усули ҳуқуқи башар аст .
Небензя дар нишасти Шӯрои Амният дар бораи Сурия гуфт : Моилем ба аҳамияти нишастҳои Остона ишора кунем, ки нақши худро ба унвони муассиртарин созукори байналмиллалӣ барои кумак ба дастёбӣ ба оддисозии тулонимуддат дар Сурия таъид кардааст дар ҳамин робита умедворем, то қабл аз поёни соли нишасти дигаре дар шаҳри Нурсултон баргузор кунем .

Бештар бихонед :

 

Барчасп