Сентябр 01, 2022 17:23 Asia/Dushanbe

Вазири умӯри хориҷаи Русия дар суханоне дар Маркази равобити байналмиллали ин кишвар дар Маскав гуфт : Ғарб амалан дарёфтааст, ки наметавонад Русияро мунзавй кунад(дар танҳоӣ қарор диҳад).

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Русия алявм, Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи Русия дар суханоне гуфт : Ончи имрӯз сурат мегирад талоше барои ҷилавгирӣ аз боқӣ мондани Русия ба унвони як кишвари таъсиргузор дар арсаи байналмилалӣ аст ; Ғарб дар тазъифи Русия муваффақ нахоҳад шуд, ҳамон гуна ки дар гузашта ҳеҷ тарафе натавониста буд ба ин ҳадаф даст пайдо кунад .
Сергей Лавров афзуд: Сабри мо бепоён нест ва солҳои тӯлонӣ аз замони суханони раиси ҷумҳӯри Путин дар соли 2007 дар бораи қобили қабул набудани иқдомоти НАТО ва тавсеаталабии он ба тарафи Шарқ, он ҳам пас аз таъаҳҳудоте ки ба раҳбарони Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар бораи тазминҳои амниятии мо ва аз байн набурдани амнияти Русия ба баҳонаи тақвияти амнияти аъзои НАТО дода буд, сабр кардем . Замоне ки мо дар тӯли солҳо дар бораи ҳимояти неонозиҳо дар Украина ва нақзи ҳуқуқи русҳову забони русӣ ҳушдор додем, онҳо ба ҷои тавваҷуҳ ба ҳушдорҳои мо ба ҳимоят аз қавонине пардохтанд, ки истифода аз забони русӣ ва расонаҳову фарҳанги Русияро мамнуъ мекунад .
Вазири хориҷаи Русия афзуд : Ҷанге ки Ғарб ба шакли мустақиму хасмона бар зидди кишвари мо ба роҳ андохтааст ва тарҳи табдили Украина ба кишварии мутахосим бо Русия ва табдили он ба майдони низомӣ ба манзури контроли Русия; ҳамаи ин талошҳову барномаҳо шикаст хурдааст.

 

Барчасп