Русия содироти газ ба Аврупоро қатъ кард
Ширкати русии «Газпром» рӯзи ҷумъа содироти газ ба Аврупоро мутаваққиф кардааст.
Ширкати «Газпром»-и Русия рӯзи ҷумъа эълом кард, дар пайи бурузи наштӣ дар хати лулаи "Маҷрои Шимоли 1" (Nord Stream 1), содироти газ аз тариқи ин хат, ки аз аслитарин хутути интиқол газ аст, ба Аврупо ба сурати комил қатъ шуд.
Тибқи эъломи ин ширкати русӣ, таваққуфи ҷараёни газ ба Аврупо аз тариқи ин хати лула, то замони рафъи комили нақси амалкарди таҷҳизот мутаваққиф мешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки Вячеслав Володин, раиси Думаи Русия рӯзи ҷумъа бо таъкиди бар инки таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия мунҷар ба буҳрони энержӣ барои давлатҳои ғарбӣ ва аврупоӣ шудааст, гуфт, амнияти энержии Аврупо бидуни Русия ғайримумкин аст.
Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия дар вокуниш ба талошҳои Иттиҳоди Аврупо барои таъйини сақфи қимат барои нафти Русия эълом кард, барномаҳои Гурӯҳи ҳафт барои маҳдуд кардани қимати нафти Русия, ба таври қобили таваҷҷӯҳе бозори ҷаҳонии нафтро бесубот хоҳад кард.
Дар пайи шуруи ҷанг дар Украина, кишварҳои аврупоӣ ба баҳонаи ҳимоят аз ин кишвар, таҳримҳои густардае алайҳи бахши энержии Русия вазъ карданд. Дар ҳоли ҳозир ин таҳримҳо гиребонгири Аврупо шуда ва бо буҳрони бесобиқаи энержӣ дасту панҷа нарм мекунад.
Бештар бихонед: