Таҳлил: Ихтилоф дар Иттиҳодияи Аврупо бар сари таъини нархи энержии Русия
Ҷанг бар сари энержи шиддат шуда аст Аврупо дар ҳоле, ки нигарони таъмини манобеъи энержи мавриди ниёзи худ ба вижа газ дар зимистон аст талош мекунад то бо таъини нарх барои воридоти газ аз Русия ҳамчунон Маскавро таҳти фишор қарор диҳад аммо акнун ин мавзуъ сабаби эҷоди ихтилоф миёни аъзои Иттиҳодияи Аврупо шуда аст.
Дар ҳоле, ки қарор аст вазирони энержии Аврупо дар нишасти изтирории фардо ҷумъа чигунагии руёруӣ бо буҳрони энержиро барраси ва дар мавриди таъини нарх гуфтугӯ кунанд Ҷозеф Резикелла, вазири саноати ҷумҳурии Чехия, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда дорад бо дархости аз байн бурдани ин тарҳ аз барномаи музокироти вазирони энержии ин ниҳод гуфт: Пешниҳоди созанда нест ва дар воқеъ роҳи дигари барои таҳрими Русия аст ва на роҳи ҳалли воқеъи барои буҳрони энержии Аврупо.
Урсула ван Дерлейн, раиси камисиони Аврупо гуфт: Мо андозаи барои нахри гази Русия пешниҳод хоҳем кард то даромадҳоеро, ки Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия барои таъмини буҷети ҷанги ваҳшиёна дар Украина истифода мекунад коҳиш диҳем вай ҳамчунин муддаи шуд, ки ин иқдом монеъ аз талошҳои Путин барои дасткории бозори энержии Аврупо мешавад.
Суханони Урсула ван Дерлейн дар ҳоле аст, ки Маскав қаблан ҳушдор дод, ки кишварҳое, ки аз андозаи нархи пешниҳодии Вашенгтон барои содироти нефти хоми худ ҳимоят мекунанд таҳрим хоҳанд шуд.
Путин дар ин замина гуфт: Мунзави кардани Русия дар вазъияти кунуни ғайримумукин аст ва Маскав ба тақвияти амният дар бахши саноат ва иқтисоди худ идома медиҳад.
Раиси Ҷумҳурии Русия таҳдид карда аст, ки дар сурати эъмоли маҳдудият бар нархи гази содиротии ин кишвар Русия фуруши нефту газ ба Аврупоро мутавақиф хоҳад кард.