Амрико таҳримҳои ҷадиди алайҳи Эрон эъмол кард
Вазорати Хазонадории Амрико дар идомаи иқдомоти хасмонаи Вашингтон алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, асомии афрод ва ниҳодҳои ҷадидеро ба баҳонаи ончӣ анҷоми иқдомоти мухарриби сайберӣ хонда шуда дар феҳристи таҳримҳо қарор дод.
Вазорати Хазонадории Амрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, номи 10 фард ва ду ниҳодро ба далели ончӣ нақшофаринӣ дар анҷоми «иқдомоти мухарриби сайберӣ» хонда шуда дар феҳристи таҳримҳо қарор додааст.
10 фарде, ки дар феҳристи таҳримҳо қарор гирифтаанд ҳамагӣ шаҳрванди Эрон ҳастанд.
Ширкати афкори системаи Язд ва ширкати Ноҷи технологии ҳӯшманди Фотир низ ду ширкате ҳастанд, ки дар Эрон сабт шудаанд ва дар феҳристи таҳримҳо қарор гирифтаанд.
Таҳримҳои ҷадиди Амрико дар шароите эъмол шудаанд, ки давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури ин кишвар муддаист, қасд дорад аз тариқи музокирот, заминаҳои лозим барои бозгашти кишвараш ба тавофуқи ҳастаии БарҶомро фароҳам кунад.
Мақомҳои давлати Байден дар моҳҳои ахир борҳо ба сароҳат ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ эътироф карда ва гуфтаанд, қасд доранд, Амрикоро ба БарҶом бозгардонанд, аммо токунӯн аз анҷоми иқдомоте, ки барои бозгашт ба ин тавофуқ лозим ҳастанд сарбоз задаанд.