Сентябр 16, 2022 20:03 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби узвияти Эрон дар созмони Шанхай
    Бозтоби узвияти Эрон дар созмони Шанхай

Пазириши узвияти доими Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бозтоби густардае дар расонаҳои арабии минтақа дошт.

Вебгоҳи «Алхалиҷ-ал-ҷадид» дар ахбори муҳими худ ба ин мавзуъ пардохт ва навишт, ки аъзои СҲШ ( SCO) рӯзи ҷумъа бо пайвастани Эрон ба ин созмон ба унвони узви доим мувофиқат карданд.

Хабаргузории русии «Спутник» низ дар нусхаи арабии худ навишт, ки Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъа ибрози умедворӣ кард, ки узвияти кишвараш дар ин созмон ба Эрон дар муқобила бо таҳримҳо кумак кунад.

“Алмаёдин” дар хабаре, ки тасвири онро ба сарбози эронӣ бо дар даст доштани парчами Эрону Чин ихтисос додааст, афзуд, ки аъзои СҲШ бо пазириши Эрон дар ин созмон ба унвони узви доим мувофиқат карданду Эрон аз ин иқдом, ки иҷоза медиҳад пайванде ба АвруОсиё дошта бошад, истиқбол мекунад.

Торнамои «Арабӣ 21» низ бо муҳим хондани узвияти Эрон дар СҲШ навишт, ки раванди узвияти Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамзамон бо оғози иҷлоси маҷозӣ имрӯз - ҷумъа бо истиқболи Русия аз ин иқдом оғоз шуд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия эълом кард, ки Маскав аз оғози мароҳили раванди узвияти доими Эрон истиқбол мекунад.

 

Бештар бихонед: