Мувофиқати сокинони Донетск ва Луҳанск бо илҳоқ ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i91626-Мувофиқати_сокинони_Донетск_ва_Луҳанск_бо_илҳоқ_ба_Русия
Бештари сокинони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск барои илҳоқи манотиқи худ ба кишвари Русия изҳори тамоюл карданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Сентябр 21, 2022 14:02 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати сокинони Донетск ва Луҳанск бо илҳоқ ба Русия

Бештари сокинони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск барои илҳоқи манотиқи худ ба кишвари Русия изҳори тамоюл карданд.

Тайи охирин назарсанҷӣ аз ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск маълум шудааст, ки бештари сокинони ин ҷумҳуриҳо хостори илҳоқ ба Русия ҳастанд.

Дар ин назарсанҷӣ 94 дарсад аз шаҳрвандони ҷумҳурии Донетск ва 93 дарсад аз сокинони ҷумҳурии Луҳанск аз пайвастани кишварашон ба Русия ҳимоят карданд.

Тайи ин назарсанҷӣ, ки тавассути Муассисаи мутолиоти сиёсии иҷтимои Қрим анҷом шуд,  87 дарсад аз сокинони минтақаи Запороже ва 80 дарсад аз сокинони Херсон низ аз пайвастан ба Русия изҳори тамоюл карданд.

86 дарсад аз мардуми Донетск ва 87 дарсад аз мардуми Луҳанск дар ин ҳамапурсӣ дар таърихи 13 то 14 сентябр ширкат карданд.

Қарор аст, ҳамапурсии дигаре низ дар таърихи 23 то 27 сентябр дар ин манотиқ баргузор шавад.