Русия аз мусобиқоти футболи Евро-2024 канор кашид
Сентябр 25, 2022 17:58 Asia/Dushanbe
Иттиҳодияи футболи Русия дар иттилоъияе аз канор кашидани тими миллии мардони ин кишвар аз рақобатҳои Ҷоми миллатҳои 2024 Аврупо хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Иттиҳодияи футболи Русия дар баёнияе, ки дар торномаи ин ниҳоди футбол мунташир шуда, навишт: Тими миллии футболи Русия дар қуръакашии марҳалаи интихобии Ҷоми миллатҳои 2024 Аврупо, ки 9 октябр дар Франкфурт баргузор мешавад, ширкат нахоҳад кард.
Ба дунболи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, тимҳои миллӣ ва бошгоҳии Русия ба тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз тамомии рақобатҳои байналмилалии таҳти мудирияти UEFA ва FIFA маҳрӯм шуданд.
Барчасп