Путин: Сиёсатҳои ғоратгаронаи Ғарб далели буҳрони ҷаҳонии ғизо аст
(last modified Wed, 28 Sep 2022 09:18:11 GMT )
Сентябр 28, 2022 14:18 Asia/Dushanbe
  • Путин: Сиёсатҳои ғоратгаронаи Ғарб далели буҳрони ҷаҳонии ғизо аст

Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ғаллоте, ки аз Украина хориҷ мешавад ба самти фақиртарин кишварҳо ҳидоят намешавад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар нишасти давлатӣ дар бораи тавсеаи бахши кишоварзӣ гуфт, ғаллоте, ки аз Украина хориҷ мешавад, ҳануз фақиртарин кишварҳоро давр мезанад. Дар бораи он суҳбат мекунем, аммо беҳуда. Ҳеҷ кас садои моро намешунавад.

Путин афзуд, бар асоси барномаи Созмони Милали Муттаҳид аз 23 сентябр, 203 киштии боргирӣ шуда бо ғаллот аз банодири Украина хориҷ шудаанд, ки фақат чаҳор фарванди он ба кишварҳои фақир рафтанд.

Бино бар изҳороти раисиҷумҳури Русия, 14 киштӣ роҳии Туркия ба унвони кишвари миёнҷӣ шуда ва 25 киштӣ ба Иттиҳоди Аврупо эъзом шудааст.

Путин ин иқдомро шармовару фиреби маҳз арзёбӣ кард.

Вай буҳрони ҷаҳонии ғизоро натиҷаи сиёсатҳои ғоратгаронаи Ғарб донист ва гуфт, ҳазинаи маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ ба сатҳи ибтидои сол бозгаштааст, аммо 40 дарсад бештар аз соли 2020 аст. Ин паёмади мустақим, бидуни иғроқ, сиёсатҳои ғоратгаронаи сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон аст.