Октябр 03, 2022 11:13 Asia/Dushanbe
  • Паҳподҳои русӣ зодгоҳи Владимир Зеленскийро ҳадаф гирифтанд
    Паҳподҳои русӣ зодгоҳи Владимир Зеленскийро ҳадаф гирифтанд

Артиши Русия бо паҳподҳои интиҳорӣ ба зодгоҳи раиси ҷумҳурии Украина ҳамла ва талафотеро ба неруҳои украинӣ ворид кард.

Валентин Резниченко, раиси минтақаи Днепропетровск, дар ҷануби Украина гуфт, шаҳри Кривой Рог, зодгоҳи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина мавриди ҳамлаи паҳподи интиҳории Русия қарор гирифт.

Резниченко афзуд, оташсӯзии ношӣ аз ҳамлаи паҳподи русӣ маҳор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти украинӣ рӯзи якшанбе гуфтанд, ки Русия шаҳри Запорожеро низ ҳадаф қарор дод.

Аз сӯи дигар, артиши Украина эълом кард, ба як анбори муҳиммоти Русия дар ҷануби Украина ҳамла кардаву постҳои фармондеҳӣ, анборҳои муҳиммот ва ду оташбори зидди ҳавоии «С - 300» -ро ҳадаф қарор додааст.

Русия 24 феврали 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск дар Украина, аз оғози «амалиёти вижаи низомӣ дар Украина» хабар дод.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ҷумъаи гузашта расман пайвастани чанд минтақа дар ҷанубу шарқи Украина ба хоки Русияро имзо кард.

Ҳамапурсии пайвастани ин манотиқ ба Русия аз 23 сентябр оғоз шуд ва то 27 сентябр идома дошт. Манотиқи Луганск ва Донетск, Херсон ва Запороже дар маҷмуъ ҳудуди 15 дарсад аз хоки Украинаро ташкил медиҳанд.

 

Барчасп