Маҳрумият аз таҳсили ҳазорон кӯдак дар шарқи Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i9214-Маҳрумият_аз_таҳсили_ҳазорон_кӯдак_дар_шарқи_Афғонистон
Масъулони Вазорати маориф дар вилояти Бағлон дар шарқи Афғонистон эълом карданд, ҳазорон нафар аз кӯдакони ин вилоят аз неъмати таҳсил маҳруманд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 06, 2016 20:25 Asia/Dushanbe

Масъулони Вазорати маориф дар вилояти Бағлон дар шарқи Афғонистон эълом карданд, ҳазорон нафар аз кӯдакони ин вилоят аз неъмати таҳсил маҳруманд.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Муҳаммади Ҳазрати Муҷаддадӣ, раиси идораи маорифи вилояти Бағлон дар шарқи Афғонистон гуфтааст, дар ин минтақа ҳудуди 32 то 35 ҳазор кӯдаки воҷиди шароит аз таҳсил маҳрум ҳастанд.

Вай ноамнӣ ва вазъи иқтисодии хонаводаҳоро муҳимтарин монеъ бар сари роҳи таҳсили кӯдакони афғон эълом кард.

Сандуқи кӯдакони Созмони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) низ ахиран эълом кард, аз маҷмуи чаҳордаҳ миллион кӯдаки дорои шароити таҳсил дар Афғонистон, се миллиону панҷсад ҳазор нафар аз рафтан ба мадриса ва касби илм маҳрум ҳастанд.

Ба гуфтаи Насрин Авриохайл, вазири кор ва умури иҷтимоии Афғонистон, фақр боиси афзоиши шумори кӯдакони коргар дар ин кишвар шудааст ва ин вазоратхона имконоти лозимро барои таҳти пушиш қарор додани ҳамаи кӯдакони коргар надорад.