Октябр 06, 2022 19:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 70 дарсадии худкушии низомиёни амрикоӣ дар 13 сол

Омори худкушии низомиёни амрикоӣ дар 13 сол, 70 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тибқи натоиҷи таҳқиқоти донишгоҳҳои Алабама ва Дюкии Амрико, омори худкушӣ дар ҳар 100 ҳазор низомии амрикоӣ ба 28. 7 маврид дар соли 2020 расида, ки баробар бо 70 дарсад афзоиш тайи 13 сол аст ва интизор меравад, ки ин раванд бо таваҷҷӯҳ ба мудохилаҷӯӣ ва низомигариҳои ин кишвар тадовум ёбад.

Теъдоди худкушиҳо дар ҳар 100 ҳазор низомии Амрико дар соли 2008, 16,9 маврид буд.

Худкушӣ, яке аз буҳронҳое аст, ки ҳамвора артиши Амрико дар даҳаҳои ахир бо он дасту панҷа нарм мекунад; буҳроне, ки ба мувозоти мудохилаҷӯӣ ва низомигариҳои Вашингтон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон ташдид шудааст.