Декабр 07, 2016 15:11 Asia/Dushanbe
  • 92 кушта бар асари заминларза дар Индонезия

Бар асари вуқуи заминларзаи 6,5 рихтерӣ дар шимоли Индонезия дастикам 92 нафар ҷон бохтанд ва садҳо тан низ захмӣ шуданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, ин заминларза, ки бомдоди чаҳоршанбе дар шаҳри Сиглӣ дар устони Ачехи Индонезия рух дод, беш аз чиҳил сохтмон аъам аз масҷид, мағоза ва хона бо хок яксон шуданд.

Эҳтимол дорад, омори ҷонбохтагони ин ҳодиса афзоиш ёбад.

Идораи ҳавошиносӣ ва заминшиносии Индонезия эълом кард: Ин заминларза хатари шаклгирии сунамиро дар пай надоштааст.

Мақомоти Индонезия ҳамчунин аз рониши замин дар ду устони Бантен ва Ҷаваи Марказӣ  дар ғарби ин кишвар хабар доданд, ки бар асари ин ҳодиса низ 5 тан кушта ва 3 нафар захмӣ шуданд.

Индонезия, ки бузургтарин маҷмаи Алҷазоири ҷаҳон ба шумор меравад, ба сабаби қарор гирифтан дар минтақае бо гусалҳои зиёд дар Уқёнуси ором ба шиддат дар маърази заминларза қарор дорад.

 

Барчасп